Саъдӣ Шерозӣ. Ғазалиёт Эй боғи ҳусн чун ту ниҳоле наёфта, Рухсораи замин чу ту холе наёфта. Тобандатар зи рӯи ту моҳе надида чарҳ, хуштар зи абрӯи ту ҳилоле наёфта. Бар даври орази ту назар карда офтоб, Худро латофатеву ҷамоле наёфта. Чархи мушаъбид аз рухи ту дилфиребтар Дар зери ҳафт парда ҳаёле наёфта. То кай зи дарди ишrи ту нолад равони ман, Рӯзе ба лутф аз ту мисоле наёфта. Худро ба зери чангали шоҳини ишrи ту Анrои сабри ман пару боле наёфта Афтода дар забони халоиr ҳадиси ман, Бо ту ба як ҳадис маҷоле наёфта. Зоил шавад, ҳар он чӣ ба куллӣ камол ёфт, Умрам завол ёфт, камоле наёфта. Гулбарги ишrи ман ба чӣ уммед бишкуфад, Аз бӯстони васл шамоле наёфта Саъдӣ ҳазор ҷома ба рӯзе rабо кунад, Як меҳрубонӣ аз ту ба соле наёфта.